- ҳаво
- I[هوا]1. бухори газмонанди беранг, бебӯ ва бетаъм, ки кураи Заминро иҳота кардааст ва он асосан аз нитроген ва оксиген таркиб ёфтааст, атмосфера2. бод; насим3. фазои болои замин, осмон; рӯи ҳаворо абр гирифт; боду (обу) ҳаво иқлим; аз ҳаво гирифтан чизеро беасос, беҳисоб, тахминӣ гуфтан; ҳаво додан партофтан, ғуррондан; аз ҳаво омадан муфт, беранҷу меҳнат ба даст даромадани чизе; ҳаво хӯрдан бо ҳавои тоза нафас гирифтан, дар ҳавои тоза гардиш карданII[هوا]оҳанг, наво, лаҳн, нағмаIII[هوي // هوا]1. иштиёқи зиёд, орзу, ишқ2. ҳавас, майли (хоҳиши) нафс; ҳавои чизеро дар нафс доштан дар иштиёқу орзуи чизе будан; ҳавои даҳан кардан ҳавобаландӣ кардан, фахр кардан; ҳаво пухтан ба фикри чизе будан, орзуи чизе карданIV[هوا]1. ҷ. аҳвия2. миёни осмону замин, хало; холигии ҳар чизе3. тарсу, буздил, холӣ аз ҷуръат
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.